Путин: Белорус пеш аз дигарон бо ваксинаи зидди коронавирус таъмин мегардад

Путин: Белорус пеш аз дигарон бо ваксинаи зидди коронавирус таъмин мегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз дар раванди мулоқот бо Александр Лукашенко, сарвари Белорус гуфт, ки Маскав ваксинаи зидди коронавирусро нахуст ба Минск тақдим мекунад.
Путин гуфт, ки Белорус ва Русия дар заминаи мубориза бо коронавирус хеле самарбахш ҳамкорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, аввал сарвазирон ва сипас вазирони тандурустии ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки Белорус пеш аз ҳама бо ваксинаи зидди коронавирус таъмин хоҳад шуд ва Белорус дар марҳилаи поёнии озмоиши ваксина иштироки худро оғоз кардааст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ