Масъалаи пурра ҷорӣ кардани автоматикунонии ҳисобгирӣ ва назорати қувваи барқ ва гази табиӣ муҳокима гардид

Масъалаи пурра ҷорӣ кардани автоматикунонии ҳисобгирӣ ва назорати қувваи барқ ва гази табиӣ муҳокима гардид

Рӯзи 14-уми сентябри соли ҷорӣ бо сарварии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев аз рӯйи масъалаҳои ҳисобгирӣ ва назорати қувваи барқ ва гази табиӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид. Қувваи барқ ва гази табиӣ барои иқтисодиёт аз ресурсҳои зарурӣ мебошанд. Инфрасохтори ин сохторҳо аз сабаби солҳои дароз модернизатсия накардан дар расондани онҳо гумкунӣ зиёд буд. Барои дар ҷойи худ мондани ҳисобу китоб зарур будани сохторҳои автоматикунонидашударо худи ҳаёт тақозо менамояд. Дар ҷамъомад масъалаи пурра ҷорӣ кардани автоматикунонии ҳисобгирӣ ва назорати қувваи барқ ва гази табиӣ муҳокима гардид. Қайд гардид, ки барои ин мақсадҳо қариб 1,2 миллиард доллари амрикоӣ равона карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ