Шумори мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 48 ҳазор нафар наздик шуд

Шумори мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 48 ҳазор нафар наздик шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи 14 сентябр дар Ӯзбекистон 572 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар медиҳад.
Бо ин ҳол, шумори умумии беморон ба 47 995 нафар расид. Рӯзи гузашта 6 нафар бемор – 1 нафар дар Қорақалпоқистон ва 5 нафар дар шаҳри Тошканд вафот карданд.
Дар давоми рӯз дар саросари кишвар 524 нафар бемор шифо ёфтанд.
Дар ҳоли ҳозир шумори шифоёфтагон 44 526 нафар буда, омори (статистиа) шифоёбӣ 93 дарсад аст.
Дар бемористонҳои кишвар ҳоло 3 071 нафар бемор муолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 451 нафар онҳо вазнин, 243 нафар хеле вазнин аст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ