Беш аз 1,5 ҳазор нафар ӯзбекистонӣ аз Самара ва Екатеринбург ба ватан баргаштанд


Бар асоси қарори комиссияи махсуси ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳрҳои Самара ва Екатеринбурги Русия беш аз 1,5 ҳазор нафар шаҳрванди Ӯзбекистон бо қатораҳои махсус ба ватан баргаштанд.
Аз ҷумла, қаторае, ки рӯзи 12 сентябр аз истгоҳи “Кинел”-и Самара бо 834 нафар ба роҳ даромада буд, субҳи имрӯз ба Самарқанд расид.
Ҳамчунин, имрӯз қатораи дигаре аз Екатеринбург 847 нафар ӯзбекистониро ба Тошканд овард.
Ҳамаи ҳамватанони баргашта аз Русия ҳоло дар марказҳои карантинӣ ҳастанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ