Трамп эътироф кард, ки чанд соле пеш реҷаи қатли Башор Асадро дошт

Трамп эътироф кард, ки чанд соле пеш реҷаи қатли Башор Асадро дошт

  • Post category:Ҷаҳон


Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии Fox News хабар гуфт, ки соли 2017 дар Қасри Сафед реҷаи қатли Башор Асад – раисҷумҳури Сурия таҳия шуда буд.
Ба гуфтаи Трамп, қатли Башор Асад роҳи беҳтарин буд ва ҳама чиз барои анҷоми ин амалиёт омода буд. Вале, Ҷеймс Мэттис, вазири мудофиаи ИМА дар он солҳо ин реҷаро қотеъона рад кард.
Ӯ афзуд, “Ба назари ман аз байн бурдани ӯ беҳтар буд. Мо омода будем. Вале, Мэттис зид буд…”.
Бино ба хабари Регнум, нерӯҳои мусаллаҳи ИМА то ҳол дар Сурия қарор доранд ва барои он на рухсати Созмони милали муттаҳидро гирифтаанд ва на рухсати ҳукумати Сурияро.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ