Иқлими Арктика дигар мешавад

Иқлими Арктика дигар мешавад


Тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар Қутби Шимолӣ – Арктика аз ҳадди меъёр болотар рафт ва ҳоло ин қисмати сайёра ба марҳилаи нави иқлимӣ мегузарад. Олимони Маркази миллии тадқиқоти атмосфера (ИМА), баъди омӯхтани нишонаҳои даҳсолаҳои охир ба чунин хулоса омаданд. Дар ин бора Nature Climate Change хабар медиҳад.
Қутби Шимолӣ яке аз минтақаҳои ҷаҳон аст, ки бештар аз дигар минтақаҳо дучори тағйироти иқлимӣ шудаанд. Аз солҳои 1970 то ба имрӯз, ки минтақа ба сурати доимӣ зери мушоҳидаи олимон аст, майдони пиряхҳои Арктика дар ҳар даҳ сол 12 дарсад об шудааст.
Имрӯз шумори пиряхҳо ба ҳадде кам шудааст, ки ҳатто зимистони сард наметавонад он пиряхҳоро дубора барқарор кунад. Бино ба пешбиниҳо, дар ҳамин аср ҳарорати ҳавои тирамоҳу зимистон дар Қутби Шимолӣ нисбатан гармтар мегардад ва ҳамасола дар давоми 20-60 рӯз ба ҷойи барф акнун борон хоҳад борид.
Агар вазъияти ҳозира то поёни асри 21 идома ёбад, мавсими боронӣ дар Қутби Шимолӣ то 30 моҳ дарозтар мегардад. Агар мавсими боронии сол ба 3-10 моҳ расад, дар чунин ҳолат яхҳои Арктика комилан аз байн мераванд.
Ба гуфтаи олимон, тағйирёбии вазъияти Қутби Шимолӣ дар солҳои 1990-ум оғоз шудааст ва дар солҳои охир суръати он тезтар мегардад.
Чанде пеш хабар дода будем, ки аз “бадана”-и яхҳои Қутби Шимолӣ пораи хеле бузурги пирях ҷудо шуд ва дар уқёнус ба айсберги навбатӣ табдил ёфт.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ