Оё бемори COVID-19 баъди шифо ёфтан низ барои атрофиён манбаъи хатар аст?

Оё бемори COVID-19 баъди шифо ёфтан низ барои атрофиён манбаъи хатар аст?

  • Post category:Саломатӣ


Чанде пеш Анна Попова, раиси Роспотребнадзор гуфта буд, ки бемори COVID-19 баъди шифо ёфтанаш низ дар муддати то 90 рӯз барои атрофиён ҳамчун манбаъи хатари сироят боқӣ мемонад.
Алексей Аграновский, профессори кафедраи “Вирусология”-и донишгоҳи давлатии Маскав ба ин гуфтаҳои Попова тавзеҳ дод. Ба гуфтаи Аграновский, ҳарчанд, ки вирус баъди табобат шудани беморӣ се моҳ боқӣ мемонад, вале, он ҳаҷми боқимондаи вирус барои сироят аз инсони шифоёфта ба дигарон хеле камӣ мекунад.
Ӯ гуфт, ки бемор баъди аз байн рафтани ҳама нишонаҳои COVID-19 бояд дар муддати 2 ҳафта худро аз дигарон дур нигаҳ дорад. Дар ҳамин ду ҳафта эҳтимоли сирояти вирус аз ӯ ба дигарон вуҷуд дорад. Баъди ду ҳафта ин шахс барои дигарон дигар манбаъи хатар нахоҳад буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ