Оё дар моҳи октябр боз карантин ҷорӣ мешавад?

Оё дар моҳи октябр боз карантин ҷорӣ мешавад?


Нурмат Отабеков, узви штаби мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани карантин дар ояндаи наздик маълумот дод.
Ӯ гуфт, “Агар ба тавсияҳо амал накунем, комиссияи махсус маҷбур мешавад, ки карантинро сахттар бигирад”.
Отабеков хотирнишон кард, “Бояд инро таъкид кунем, ки ҳанӯз дар Ӯзбекистон карантин бекор нашудааст, балки содатар гардидааст. Аммо дар натиҷаи нодурст фаҳмидани шаҳрвандон ҳанӯз ҳам ҳолатҳои сироят дар миёни мардум кам намешавад, ва ин сир нест.
Бояд як чизро фаромӯз накунем, сахттар ё содатар шудани карантин ба амалу рафтори мо вобаста аст. Агар мо ба чораҳои карантинӣ беписандӣ кунем, тадбирҳои профилактикиро аз ёд бибарем, ба тавсияҳои мутахассисон риоя накунем, ба афзоиши бемориҳо ва ба қарори комиссияи махсус дар бораи сахттар кардани чораҳои карантинӣ боис мегардем”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ