Ӯзбекистон ба ИМА 10 навъи мева ва сабзавотро экспорт мекунад

Ӯзбекистон ба ИМА 10 навъи мева ва сабзавотро экспорт мекунад


Ӯзбекистон барои экспорти 10 навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба ИМА иҷозат гирифт. Дар ин бора инспексияи “Ӯздавкарантин” ба Kun.uz’ хабар дод.
Мутахассисони амрикоӣ баъди омӯзиши ҳолати фитосанитарии Ӯзбекистон барои экспорти лӯбиё, мош, нахӯд, чормағзи заминӣ, бодом, чормағз, мавиз, зардолу, олу ва анҷир ба ИМА иҷозат доданд.
Ба тадбиркорон пешниҳод мешавад, ки маҳсулоти худро аз ҷиҳати фитосанитарӣ тозаву пок экспорт кунанд. Барои омӯхтани ҳолати фитосанитарӣ тадбиркорон метавонанд ба шӯъбаҳои ҳудудии инспексияи “Ӯздавкарантин” ва шумораҳои эътимод занг бизананд.
ИМА ҳамчунин, ҳолати фитосанитарии харбузаи Ӯзбекистонро низ дар ҳоли ҳозир меомӯзад. Вақте, ки ин омӯзиш бо натиҷаи мусбат поён меёбад, ба экспорти харбуза ба бозорҳои амрикоӣ низ рухсат дода мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ