Бо иштироки велосипедҳо дар садамаҳо 143 нафар қурбон шуданд

Бо иштироки велосипедҳо дар садамаҳо 143 нафар қурбон шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар 8 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки дучархасаворон 492-то садама рух дод. Дар ин садамаҳо 143 нафар кушта шуданд.
Бино ба маълумоти Идораи бехатарии ҳаракати роҳи вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, дар ин муддат бо иштироки мотосикл ва скутерҳо 63-то садама рух дод. Ин садамаҳо боиси марги 9 нафар шуд.
Дар моҳҳои январ-августи соли равон 2605-то садама бо захмӣ шудани шаҳрвандон ва 991-то садама бо марги шаҳрвандон хотима ёфт.
Ҳамагӣ дар ин муддат 3 596-то садама рух дод, ки ин шумор дар муқоиса бо моҳҳои январ-августи соли гузашта 12,6 дарсад (520-то) коҳишро нишон медиҳад.
Ҳамчунин, садамаҳое, ки бо марг анҷом ёфтанд, дар ин муддат 17,1 дарсад кам шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ