Шавкат Мирзиёев дар бораи муҳоҷирати корӣ қарори муҳимро қабул кард

Шавкат Мирзиёев дар бораи муҳоҷирати корӣ қарори муҳимро қабул кард


Қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ кардани муҳоҷирати кории бехатар, ботартиб ва қонунӣ қабул шуд.
Бар асоси ин қарор, барои муҳоҷирони корӣ пеш аз рафтан ба хориҷа давраҳои омӯзиши забонҳо хориҷӣ ба роҳ андохта мешавад. Ҳамчунин, ҷорӣ кардани системаи тақдими сертификатҳои касбӣ, ки дар хориҷа эътироф мегардад, ба нақша гирифта шудааст.
Бо ин қарор раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қорақалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба шӯъбаҳои муҳоҷирати кории хориҷӣ роҳбарони умумӣ мегарданд. Раисони шӯъбаҳои муҳоҷирати кории хориҷӣ ёвари раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қорақалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба шумор мераванд.
Шӯъбаҳои муҳоҷирати корӣ бо корфармоёни хориҷӣ тавофуқ мекунанд ва шаҳрвандонро барои кор ба хориҷа мефиристанд.
То 1 январи соли 2021 дар маркази “Ишга марҳамат”-и шаҳри Тошканд маркази тести “Япон тили ва касбий малака”, дар маркази “Ишга марҳамат”-и шаҳри Фарғона мактаби пайвандгарон, ва дар маркази “Ишга марҳамат”-и шаҳри Гулистон мактаби коргарон таъсис меёбад. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълими касбии вилояти Намангон бо шарикии давлат ва бахши хусусӣ марказҳои омӯзишии “IT School”, марказҳои забони хориҷӣ ва хидматрасонӣ ташкил мегардад.
Иловар бар ин, аз 1 январи соли 2021 ба нафароне, ки оилаҳояшон камтаъмин мебошанд ва дар феҳристи “Иҷтимоий ҳимоя ягона реестри ахборот тизими” сабт шудаанд, ҳангоми барои кор ба хориҷа рафтан микроқарз дода мешавад.
Микроқарзҳо барои сарфу харҷи муҳоҷир барои ба кор даромадан ба муддати 1 сол дода мешавад. Ҳаҷми микроқарз то 10 миллион сӯм хоҳад буд.
Манбаъ: канали телеграмии “Ҳуқуқий ахборот”

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ