Дар Фарғона истеҳсоли контсентратори оксиген оғоз гардид

Дар Фарғона истеҳсоли контсентратори оксиген оғоз гардид

Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Фарғона дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқон» истеҳсоли контсентратори оксиген сар шуд. Дар ин бора хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона хабар дод. Корҳои лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Грэйт Қӯқон», ки таъсисгараш соҳибкор Шавкатҷон Ҳамзаев мебошад, бурда шудааст. Қимати умумии корхона 300000 доллари амрикоиро ташкил мекунад. Корхона соле 30000 дона контсентратори оксиген истеҳсол мекунад. Баробари ин, дар корхона 20 нафар бо кор таъмин гашт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ