Ҳамасола дар Аврупо 400 ҳазор нафар ба далели олудагии ҳаво мемиранд


Ҳамасола дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо 400 ҳазор нафар ба сабабҳои вобаста ба олудагии ҳаво мемиранд. Ҳатто, соли 2012 ин омор (статистика) ба 630 ҳазор нафар расидааст. Ин маълумот дар ҳисоботи нави Оҷонси муҳити зисти Аврупо омадааст. Мутахассисон мегӯянд, ки имкони пешгирӣ кардан аз чунин ҳолат вуҷуд доштааст.
Ҳамчунин, ҳар сол дар Аврупо 12 ҳазор нафар ба иллати шӯру мағали боло аз меёри шаҳр вафот мекунанд.
Кэтрин Ганслебен, мутахассиси Оҷонси муҳити зисти Аврупо мегӯяд, “Он ҷомеаҳои шаҳрҳои Аврупо, ки дар шароитҳои номақбули иҷтимоӣ умр ба сар мебаранд, аз ҳавои нисбатан ифлостарин нафас мекашанд, дар муҳити пуршӯру сермағал зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин, бо пайомадҳои тағйири иқлим рӯбарӯ ҳастанд. Одамони ин ҷомеаҳо агар камбағал бошанд, зуз-зуд бемор мешаванд. Ин омилҳо онҳоро дар рӯбарӯи ифлосшавии муҳити зист осебпазиртар мекунад”.
Бино ба ҳисоботи оҷонс, сатҳи пасти босаводӣ метавонад боиси кӯтоҳумрӣ шавад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки бояд барои беҳтар кардани сифати зиндагии шаҳриён чораҳои зарурӣ анҷом ёбад. Бунёди боғҳо ва эҷоди шароиту роҳҳо барои дучархасаворону пиёдаҳо аз ин ҷумлаанд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ