Тихановская: Афсӯс, ки Русия тарафи диктаторро гирифт

Тихановская: Афсӯс, ки Русия тарафи диктаторро гирифт

  • Post category:Ҷаҳон


Светлана Тихановская, номзади собиқ ба мақоми раисҷумҳурии Белорус “афсӯс мекунад”, ки Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар Сочи мулоқот карданд. Ӯ гуфт, ки Лукашенко раисҷумҳури қонунӣ нест, ба ин далел, ҳаргуна аҳду паймон бо ӯ қонунӣ эътироф нахоҳад шуд.
Ӯ гуфт, “Аввалан, афсӯс, ки ҳукумати Русия тарафи диктаторро гирифт, на тарафи хоҳишу иродаи мардумро… Одамон мехоҳанд, ки дар Белоруси нав бе ғасбкунандагон зиндагӣ кунанд. Дигар нигоҳ доштани одамон ғайриимкон аст”.
Ба гуфтаи Тихановская, якуним миллиард доллар қарзеро, ки Путин ваъда дод, худи Лукашенко бармегардонад, на мардуми белорус. Ӯ умед дорад, ки ба зудӣ бо ҳукумати Русия робита пайдо мекунад.
Ёдовар мешавем, ҳанӯз дар Белорус намоиши одамон ва боздошти онҳо қатъ намешавад. Рӯзи якшанбе дар маркази Минск то 150 ҳазор нафар эътирозгар ҷамъ шуданд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ