“Груз-200”: Дар 2 сол аз Русия ҷасади 812 нафар ӯзбекистониро оварданд

“Груз-200”: Дар 2 сол аз Русия ҷасади 812 нафар ӯзбекистониро оварданд


Аз моҳи июли соли 2018 то ба имрӯз аз кишварҳои хориҷӣ ҷасади 840 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон оварда шуд. Ҷасади шаҳрвандон бар асоси қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оиди такмили системаи муҳоҷирати кории хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба ватан баргашт. Дар ин бора Азим Аҳтамов, раиси идораи муҳоҷирати кории хориҷӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Аҳтамов 3 сол пеш овардани ҷасади шаҳрвандоне, ки дар хориҷа вафот кардаанд, хеле душвор ва қимат будааст. Масъалаҳои ташкилии корро сафорати Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ анҷом додаанд.
Аҳтамов таъкид кард, ки қарори раисҷумҳур дар бораи такмили системаи муҳоҷират корҳои баргардондани ҷасади шаҳрвандонро осон кард. Аз ҷумла, барои баргардондани ҷасади шаҳрвандон аз хориҷа фонди махсуси вобаста ба вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои корӣ таъсис ёфт. Ин фонд сарфу харҷи овардани ҷасадҳоро таъмин мекунад. Ҳамчунин, имрӯз муддати овардани ҷасадҳо низ кӯтоҳтар шудааст.
Дар ҳоли ҳозир барои овардани як ҷасад 1500-2000 доллар сарф мегардад.
Баъди қабул шудани ин қарор аз Русия ба Ӯзбекистон 812 ҷасад ва аз дигар кишварҳо 28 ҷасадро овардаанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ