Шавкат Мирзиёев ба сарвазири нави Япония паёми табрикотӣ фиристод


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба сарвазири нави Япония – Ёсихидэ Суга паёми шодбошӣ фиристод. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Мирзиёев дар паёми худ таъкид кард, ки сатҳи робитаҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Япония ба сатҳи хеле баланд расидааст. Ӯ изҳори бовар кард, ки шарикии стратегии ду кишвар дар оянда низ мустаҳкамтар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Ёсихидэ Суга имрӯз сарвазири Япония таъин шуд. Синдзо Абэ, сарвазири қаблӣ рӯзи 28 август ба далели вазъи саломатиаш истеъфо дода буд.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ