Ӯзбекистон зиёда аз 79,3 ҳазор тонна харбузаю тарбуз экспорт кард

Ӯзбекистон зиёда аз 79,3 ҳазор тонна харбузаю тарбуз экспорт кард

  • Post category:Иқтисод

Бино ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ Ӯзбекистон ба мамлакатҳои хориҷӣ беш аз 79,3 тонна харбузаи қиматаш ба 24,4 миллион доллари амрикоӣ баробарро экспорт кард. Имсол Ӯзбекистон ба 18 мамлакат харбузаю тарбуз фурӯхт. Бино ба маълумоти кумитаи статистикаи давлатӣ Қазоқистон аз рӯйи экспорти харбузаю тарбуз пешқадамӣ мекунад. Дар мамлакатамон, деҳқонони ҷиззахӣ (7,6 ҳазор тонна) ва қашқадарёгӣ (7,2 ҳазор тонна) бештар тарбуз экспорт карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ