Коронавирус боиси бефарзандӣ мешавад?

Коронавирус боиси бефарзандӣ мешавад?

  • Post category:Саломатӣ


Профессор Нурмат Отабеков, узви штаби мубориза бо коронавирус дар нишасти матбуотӣ дар бораи эҳтимоли таъсири коронавирус ба фарзанддор шудан маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, агар шахсе дар кӯдакӣ мубталои COVID-19 шавад, ин беморӣ дар оянда ба фарзанддор шудани ӯ монеъа нахоҳад шуд. COVID-19 ба аъзои ҷинсии инсон таъсири ҷиддӣ намекунад. Омили бефарзандӣ шудани коронавирус аз эҳтимол дур аст. COVID-19 бемории нав буда, дар ин замина тадқиқоти алоҳида анҷом наёфтааст.
Ёдовар мешавем, Анвар Алимов, узви дигари штаби мубориза бо коронавирус чанде пеш гуфта буд, ки коронавирус метавонад боиси безурётии бонувон шавад. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия низ таъкид кардааст, ки дар ин бора далели боэътимод вуҷуд надорад.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ