Аз оғози сол то ба имрӯз беш аз 400 нафар хабарнигор қурбон шуд


Аз моҳи март то ба имрӯз дар 47 кишвари ҷаҳон ҳадди ақал 366 нафар хабарнигор қурбони коронавирус шуд. Ҳамчунин, 54 нафар хабарнигор ба сабабҳои гуногун фавтидаанд Дар ин бора ширкати Press Emblem Campaign хабар дод.
Блез Лемпен, саркотиби ин ширкат гуфт, ки шумори умумии қурбониён дар миёни хабарнигорон дар ин муддати сол беш аз 400 нафар мебошад.
Ба гуфтаи Лемпен, дар Ҳиндустон ҳолатҳои марг бар асари COVID-19 дар миёни хабарнигорон зиёд аст.
Ӯ таъкид мекунад, ки эҳтимоли зиёдтар будани хабарнигороне, ки бар асари коронавирус вафот кардаанд, низ вуҷуд дорад. Чунки, баъзе кишварҳо марги хабарнигоронро эълон намекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ