Мутахассис: Ӯзбекистон ба мавҷи дувуми пандемия омода аст

Мутахассис: Ӯзбекистон ба мавҷи дувуми пандемия омода аст


Барно Абдусаматова, узви штаби мубориза бо коронавирус гуфт, ки Ӯзбекистон ба мавҷи эҳтимолии дувуми пандемияи коронавирус омода аст.
Ба гуфтаи мутахассис, дар муддати гузашта вазъият ҳаматарафа омӯхта ва таҳлил шудааст.
Абдусаматова гуфт, “Дар ҳоли ҳозир бемористонҳо кадрҳои босалоҳият доранд ва бо пойгоҳи моддиву техникӣ таъмин шудаанд. Ҳамаи бемористонҳову шифокорон дар ин соҳа таҷруба доранд. Онҳо аз авҷи беморӣ пешгирӣ мекунанд.
Ҳамчунин, дар ҳоли ҳозир доруҳо ва асбобу анҷоми тиббӣ ба қадри кофӣ захира шудааст.
Дар ин рӯзҳо шифокорон тақрибан 3 500 нафар беморро бар асоси стандартҳои муайян муолиҷа мекунанд. Баро муолиҷаи мубталоёни коронавирус дар 114 муассиса 19 ҳазору 346 ҷой мавҷуд аст. Ҳоло тақрибан 10 ҳазор ҷойи нав барои беморон омода карда мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ