Дар 8 моҳ тақрибан 700 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуд

Дар 8 моҳ тақрибан 700 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуд


Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 694,2 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуд. Дар ин бора кумитаи давлатии омор (статистика) хабар медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли бензин дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта беш аз 14 ҳазор тонна афзоиш ёфт.
Дар ин муддат 638,9 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол гардид. Имсол ҳаҷми истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ беш аз 60 ҳазор тонна кам шуд.
Ҳамчунин, Ӯзбекистон дар ин 8 моҳ 488,2 ҳазор тонна нафт ва 32,5 миллиард куб гази табиӣ истеҳсол кард. Ҳаҷми истеҳсоли нафт афзоиш ва гази табиӣ коҳиш ёфт.
Ҳаҷми истеҳсоли конденсати газ дар ин муддат беш аз 916 ҳазор тонна буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ