Ӯзбекистон дар 8 моҳи сол истеҳсоли автомобилро афзоиш дод


Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 193 180 дона мошини сабукрав истеҳсол шуд. Дар ин бора кумитаи давлатии омор (статистика) хабар медиҳад.
Дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли автомобил беш аз 20 ҳазор дона афзоиш ёфт.
Корхонаҳои мошинсоз дар 8 моҳ 46 904 дона Nexia T-250, 52 202 дона Cobalt, 35 150 дона Lacetti-Gentra, 35 322 дона Damas, 18 275 дона Spark ва 5 327 дона Labo истеҳсол карданд.
Имсол ҳаҷми истеҳсоли мошинҳои боркаш кам мешавад. Дар 8 моҳ дар кишвар 2 169 дона мошини боркаш истеҳсол шуд. Ҳаҷми тавлиди мошинҳои боркаш дар 8 моҳи соли гузашта 3 450 дона буд.
Ҳамчунин, дар ин муддат дар Ӯзбекистон 630 дона трактор истеҳсол гардид.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ