Паёми табрикотии Шавкат Мизиёев ба сарвазири Ҳиндустон


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон Нарендра Моди – сарвазири Ҳиндустонро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфт. Моди имсол 70-сола шуд.
Мирзиёев дар паёми табрикотии худ ба сарвазири Ҳиндустон саломатӣ, бахту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти ҳинд сулҳу оромӣ ва рушди бардавом орзу кард.
Нарендра Моди 17 сентябри соли 1950 дар шаҳри Ваднагари Ҳиндустон таваллуд шудааст. Ӯ 16-умин сарвазири Ҳиндустон мебошад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ