Оё викингҳо ҳама “скандинавиягӣ” буданд?

Оё викингҳо ҳама “скандинавиягӣ” буданд?

  • Post category:Ҷаҳон


Гурӯҳи олимон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон решаҳои генетикии викингҳоро муайян карданд. Натиҷаи тадқиқоти олимон нишон дод, ки Скандинавия танҳо ватани викингҳо нест ва на ҳама викингҳо аслияти “скандинавиягӣ” доранд. Дар ин бора Nature хабар медиҳад.
Мутахассисон ДНК-и 442-то устухони викингҳоро омӯхтанд. Ин устухонҳо дар пайи тадқиқотҳои гуногун дар Скандинавия, Британияи Кабир, Ирландия, Исландия, Гренландия, Русия ва дигар кишварҳо пайдо шудааст. Дар миёни онҳо устухонҳои мардону занон ва кӯдакон низ буданд. Аксарияти устухонҳо тақрибан дар солҳои 793-1066 дафн шудааст.
Натиҷаҳо нишон дод, ки на ҳама викингҳо аз Скандинавия буданд. Бисёре аз онҳо аз Осиё, Аврупои Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Британия буданд. Илова бар ин, викингҳо чи тавре, ки дар филмҳо тасвир мекунанд – малламӯ набудаанд. Баръакс, ранги мӯи онҳо қаҳваӣ ва сиёҳ будааст. Ҳамчунин, ДНК-и устухонҳои ду викинг, ки дар ҷазираҳои Скандинавия пайдо шуд, нишон дод, ки яке аз онҳо аз Шотландия, дувумӣ аз Ирландия буд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ