Айбдорони фоҷеъаҳои Boeing 737 MAX маълум шуд


Кумитаи маҷлиси намояндагони Конгресси Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ки сабабҳои фоҷеъаи 2 ҳавопаймои Boeing 737 MAX-ро омӯхт, ҳисоботи кори худро нашр кард.
Аъзои кумита баъди тафтишот айбро ба гардани муҳандисони ин модели ҳавопаймо ва ба идораҳои масъул, ки дар назорати сифати ҳавопаймои нави ширкати “Боинг” бепарвоӣ кардаанд, гузоштанд.
“Далелҳои ваҳшатнок дар бораи он, ки “Boeing” барои рақобат бо “Airbus” ва зиёд кардани даромади Уолл-стрит тафтиши маъмурияти ҳавопаймоиро ба як сӯ гузоштааст”, дар ҳисобот сабт шудааст. Ҳамчунин, “масъулон маълумоти хеле муҳим дар бораи халабонҳоро (халабон – лётчик) пинҳон кардаанд ва ҳавопайморо ба истифодабарӣ супурдаанд, ки дар натиҷа 346 нафар шахси бегуноҳро кушта шуд”.
Ёдовар мешавем, якумин фоҷеъаи Boeing 737 MAX дар моҳи октябри соли 2018 дар Индонезия рух дод. Ҳавопаймои ширкати индонезии Lion Air баъди парвоз ба ҳаво ҳамагӣ 13 дақиқа гузашту аз радарҳо гум шуд ва ба баҳр афтод. Баъди 5 моҳ боз бо иштироки Boeing 737 MAX фоҷеъа рӯй дод. Ин бор ҳавопаймои ширкати Ethiopian Airlines, ки аз Аддис Абеба ба сӯи Найроби парвоз мекард, баъди чанд дақиқае, ки ба ҳаво баромад, баргашта ба замин бархӯрд.
Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки дар ҳар ду ҳодиса “айби модарзод”-и ҳавопаймоҳо боиси садамаи ҳалокатбор гаштааст.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ