Шабонарӯзи гузашта 599 ҳолати сирояти коронавирус аниқ гардид

Шабонарӯзи гузашта 599 ҳолати сирояти коронавирус аниқ гардид


Мувофиқи маълумот, шабонарӯзи гузашта дар мамлакатамон 599 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Инчунин, 3 нафар аз шаҳри Тошканд ва 3 нафар аз вилояти Тошканд ҷамъ 6 нафар бемор вафот карданд.
Дар байни онҳо аз шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Фарғона, Намангон, Сирдарё, Қашқадарё, Сурхондарё ва Хоразм ҷамъ 618 нафар бемор шифо ёфта баромаданд.
Ҳоло шумораи сироятёфтагон ба 49 761 нафар расида, 46 092 нафарашон сиҳат гашта баромаданд, ки ин нишондод 93 фоизро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол 3254 нафар бемор зери назорати пизишкон қарор доранд, аз он 478 нафараш вазнин ва 269 нафари он дар ҳолати вазнинтар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ