Созмони милали муттаҳид: Назорати эпидемия аз даст рафт

Созмони милали муттаҳид: Назорати эпидемия аз даст рафт

  • Post category:Ҷаҳон


Антониу Гутерриш, саркотиби Созмони милали муттаҳид аз назорат берун шудани эпидемияро таъкид кард. Ӯ гуфт, ки танҳо бо ваксина пеши паҳншавии босуръати вирусро гирифта намешавад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) низ бо гуфтаҳои Гутерриш мувофиқ аст. Ин созмон сарони кишварҳову ҳукуматҳоро ба чорабиниҳои қатъиву сахтгирона даъват мекунад.
Ханс Клюге, мудири шӯъбаи Аврупои СҶТ гуфт, “Мо дар баҳору тобистон дидем, ки карантини қатъӣ чи андоза метавонад самарбахш бошад. Ҳама кӯшишҳову қурбониҳое, ки одамон анҷом доданд, дуруст будани худро исбот кард. Вале, сентябр омад ва мебинем, ки шумори мубталоёну қурбониён ҳамарӯза зиёд мешавад. Мо мефаҳмем, ки кашфи мубталоён – ин натиҷаи санҷишҳои оммавӣ ҳам аст, вале ин суръати паҳншавии вирусро низ нишон медиҳад”.
Дар як шабонарӯзи гузашта дар Фаронса даҳуним ҳазор ҳолати нави сироят сабт шуд, беш аз 50 нафар бемор вафот карданд. Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, ки бояд “бо вирус якҷоя” зиндагӣ карданро омӯхт.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар Испания 239 нафар бемор фавтиданд, беш аз 11 ҳазор ҳолати нав сабт шуд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ