Аз 1 октябр маҳдудиятҳои сайёҳӣ низ аз байн меравад

Аз 1 октябр маҳдудиятҳои сайёҳӣ низ аз байн меравад


Аз 1 октябри соли ҷорӣ маҳдудиятҳое, ки нисбат ба роҳандозии сайёҳии байналмилалӣ дар Ӯзбекистон ҷорӣ шуда буд, аз байн меравад. Ин қарори комиссияи махсуси ҷумҳурӣ аст.
Ҳамчунин, барои ҷалб сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ва рушди ин соҳа ба ширкатҳои сайёҳӣ шароитҳову имкониятҳои нав дода мешавад.
Аз ҷумла, сайёҳони хориҷие, ки бо худ тести манфии коронавирус доранд, дар карантини 14-рӯза нигоҳ дошта намешаванд ва барои ташхиси коронавирус тест намесупоранд.
Барои сайёҳони хориҷӣ низ риоя ба қоидаҳову талабҳои карантинӣ ва санитарии Ӯзбекистон низ маҷбурӣ буда, ширкатҳои сайёҳӣ масъули назорати ҷараён мебошанд.
Агар дар ягон сайёҳ нишонаҳои коронавирус дида шавад, ӯ дар гузаргоҳ (фурӯдгоҳ, вокзал а ғайра) барои ташхиси COVID-19 тест месупорад. Агар ӯ мубталои коронавирус бошад, дар карантин аз ҳисоби худ муолиҷа мешавад, ё ба ватанаш бармегардад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ