Боз як гурӯҳи мутахассисони тиббии рус ба Ӯзбекистон меоянд

Боз як гурӯҳи мутахассисони тиббии рус ба Ӯзбекистон меоянд

  • Post category:Ҷаҳон


35 нафар мутахассиси тиббӣ аз Русия барои ёрӣ дар мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон меоянд. Дар ин бора шӯъбаи ҳифзи тандурустии Маскав хабар дод.
Ихтисоси шифокорони рус гуногун – эпидемиолог, рентгенолог, пулмоног ва ғайра буда, ҳамаи онҳо барои кор бо воситаҳои ҳимоявии инфиродӣ (индивидуал) таъмин шудаанд.
Шифокорони рус дар минтақаҳои сурх беморонро мебинанд ва барои шифокорон семинарҳо баргузор мекунанд.
Константин Покровский, ҷарроҳи бемористони Маскав роҳбари гурӯҳи мутахассисон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 август 40 нафар шифокори рус барои ёрӣ ба Ӯзбекистон омада буданд. Онҳо баъди фаъолияти якмоҳа рӯзи 16 сентябр ба Русия баргаштанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ