Олимони Чин исбот карданд, ки коронавирус ба айнакдорон камтар сироят мекунад

Олимони Чин исбот карданд, ки коронавирус ба айнакдорон камтар сироят мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Як тадқиқот олимони Чин нишон дод, ки айнакдорон нисбат ба дигарон камтар мубталои коронавирус мешаванд. Маҷаллаи JAMA Ophthalmology дар бораи ин тадқиқот мақолае чоп кард.
Тадқиқотро кормандони бемористони донишгоҳи Нанчан баргузор карданд. Дар тадқиқот маълум шуд, ки ресепторҳои ACE-2 пеш аз ҳама коронавирусро ба худ ҷазб мекунанд, дар чашмҳо ҷойгир шудаанд. Айнак чашмро аз ворид шудани вирус ҳимоя мекунад. Бо ин ҳол хатари сироят чандин маротиба камтар мешавад.
Олимон дар тадқиқоти худ 276 нафар беморро, ки ташхиси COVID-19 доштанд, омӯхтанд. 30 нафари онҳо (10,9 дарсад) айнакдор буданд. 16 нафар (5,8 дарсад) дар як шабонарӯз беш аз 8 соат айнак мекарданд. Ягон бемор дар чашмони худ линза нагузошта буд. Ҳамчунин, олимон дар бораи донишомӯзону донишҷӯёни аз 7 то 22-солаи вилояти Хубэй дар чандин даҳсоларо омӯхтанд. Дар миёни онҳо 31,5 дарсад айнакдор буданд.
Натиҷаҳо исбот кард, ки айнакдорон дар миёни мубталоёни коронавирус нисбат ба айнакдорон дар миёни тамоми аҳолӣ 5,4 баробар камтаранд.
Хулосаи олимон чунин буд: Беморони COVID-19, ки ҳамарӯза муддати дароз айнак мекунанд, хеле кам ҳастанд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ