“Динамо” натавонист “Шӯртан”-ро мағлуб кунад


Ҷамоаи “Динамо”-и Самарқанд имрӯз бозии навбатии худро дар Про-лига баргузор кард. Шогирдони Сергей Лушчан дар Ғузор бо “Шӯртан” рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо натиҷаи 2 бар 2 ба поён расид.
Ҳоло шумори холҳои “Динамо” ба 11-то расид. Ҷамоа дар паллаи чоруми ҷадвали Про-лига ҷойгир аст. Агар клуби “Истиқлол-Фарғона” рӯзи 20 бозии худро бо ғалаба ба охир расонад, дар чунин сурат бо 12 хол “Динамо”-ро аз паллаи чорум маҳрум мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ