Боғчаи деҳотӣ, ки аз шаҳрҳо камӣ надорад

Бинокорони ҶДММ «Иброҳим Нур» дар деҳаи Қоракӯчаи ноҳияи Каттақӯрғон бинои кӯдакистонро барои 50 нафар ба истифода доданд.

  • Дар маҷмӯъ, мо ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион сӯм корҳои сохтмониро ба анҷом расонидем, — гуфт роҳбари ширкат Раҳим Эшонқулов.
    На танҳо аз маҳаллаҳои ҳамсояи Чиғанак, Кумушкент, Қушбегӣ, Яккабоғ, балки аз шаҳри Каттақӯрғон ҳам кӯдакони 3-7 сола ба ин ҷо омада истодаанд.
  • Кӯдакистони мо бо номи «Иброҳим Нур» дар асоси шарикии давлатӣ сохта шудааст. Бонк ба мӯҳлати 15 сол кредити 1-фоизаи 1 миллиард сӯмина дод. Дар 5 гурӯҳи мо аз мусиқӣ, рақс, гимнастикаи бадеӣ, каратэ ва аз машқҳои логопед дарс медиҳанд, — мегӯяд мудира Ноила Эшонқулова.
    Машғулотро логопед Шоира Низомиддинова, соҳиби миёнбанди сиёҳи каратэ Хайрулла Эрдонов, муаллими забони англисӣ Умеда Камолова, омӯзгори гимнастикаи бадеӣ Хуршеда Иброҳимова ба кӯдакон меомӯзонанд.
    Ойнисо Ҳамроева ном бибӣ аз Қарокурпа мегӯяд, ки кормандони кӯдакистон дар тарбияи ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзандони мо хидмати хуб мекунанд. Хӯрокҳои ошпаз Шаҳноза Эшонқулова болаззат ва калорияноканд. Саҳни боғча ва гирду атрофи онро гулҳои зебо фаро гирифтаанд. 3 нафари тарбиячиён имсол ба шӯъбаи ғоибонаи ДДС дохил шуданд.
    Ҳоло дар кӯдакистонҳои ноҳияи Каттақӯрғон58% кӯдакони 3-7 сола ба боғчаҳо фаро гирифта шаванд, то охири сол ин нишондиҳанда 64 фоизро ташкил мекунад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ