Мактабҳо дарсро дер оғоз карданд, таътилҳо чӣ мешавад?

Мактабҳо дарсро дер оғоз карданд, таътилҳо чӣ мешавад?

  • Post category:Ҷамъият


Бо вуҷуди он, ки дар мактабҳои таълими миёна дарсҳо аз 14 сентябр оғоз шуд, вақти таътили донишомӯзон тағйир намеёбад. Дар ин бора вазорати таълими халқ хабар дод.
Бино ба маълумоти вазорат, соли таҳсил аз 34 ҳафта иборат ва ба 4 қисм, яъне чорякҳо тақсим мешавад. Дар миёни чорякҳо донишомӯзон таътилҳои мавсимӣ доранд.
Таътили тирамоҳӣ шашрӯза буда, 4 ноябр оғоз мешавад.
Таътили зимистонӣ 14 рӯз дорад, 28 декабр оғоз мешавад.
Таътили баҳорӣ ҳафтрӯза аст, аз 21 март оғоз мешавад.
Таътили тобистонӣ аз 26 май то 1 сентябр идома меёбад.
Барои донишомӯзони соли аввал дар моҳи феврал таътили иловагӣ ба муддати 1 ҳафта дода мешавад.
Чӣ тавре, ки гуфта шуд, замони таътилҳои имсола дигар нашудааст, аммо, агар вазъият тақозо кунад, бо қарори комиссияи махсус замони таътилҳо тағйир меёбад ва масъулон ҷомеъаро аз ин хабардор хоҳанд кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ