Фаъолияти мактабҳои махсусро оиди тайёрӣ ба тадқиқотҳои байналмилалӣ таҳлил карданд

Фаъолияти мактабҳои махсусро оиди тайёрӣ ба тадқиқотҳои байналмилалӣ таҳлил карданд


Дар идораи таълими халқи вилоят масъалаҳои омодагӣ ба барномаҳои байналмилалии баҳодиҳӣ, таҳлили танқидии фаъолияти мактабҳои пойгоҳӣ (таянч мактаблар) ва муайян кардани вазифаҳои муҳим дар оянда баррасӣ шуд. Дар маҷлис, ки ба сурати онлайн аз тариқи ZOOM барпо шуд, намояндагони ҳокимияти вилоят, инспексияи давлатии назорати сифати таълим, идораи таълими халқи вилоят ва мудирони ҳудудии шӯъбаҳои он ва мудирони мактабҳои пойгоҳӣ иштирок карданд.
Хуршид Очилов, муовини ҳокими вилоят, Ғайрат Бобохолов, раиси шӯъбаи вилоятии инспексияи давлатии назорати вифати таълим, Қӯлдош Саидов, муовини якуми раиси идораи таълими халқи вилоят дар ин мулоқот дар бораи муаммоҳои омодагии мактабҳои пойгоҳӣ ба тадқиқотҳои байналмилалӣ суханронӣ карданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои базаи моддиву техникии мактабҳои пойгоҳӣ, тоифаҳои салоҳиятии омӯзгорон, ва бепарвогиҳо дар назорати қатъии фаъолияти мактабҳои пойгоҳӣ баррасӣ шуданд.
Масъулон вазифадор шуданд, то ба мактабҳо омӯзгорони тоифаҳои олӣ ва якумро бештар ҷалб кунанд ва бо иштироки профессор-омӯзгорони донишгоҳҳо бар асоси шартно семинарҳои амалӣ ва мастер-классҳо ташкил кунанд. Ҳалли муаммоҳои вобаста ба пайваст будани мактабҳо ба интернет ва ҷавобгӯ будани компутерҳои мактаб ба талабҳои имрӯз низ аз ин вазифаҳо буданд, ки масъулон бояд онҳоро бо ҳокимони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ ҳал кунанд.
Иштироккунандагон дар поёни маҷлис тавофуқ карданд, ки ҳафтае як бор муаммоҳои тайёрӣ ба барномаҳои байналмилалии баҳодиҳиро баррасӣ ва ҳал кунанд.
Манбаъ: Sampress.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ