Трамп режими махсуси мубориза бо терроризмро ба як соли дигар дароз кард


Доналд Трамп режими махсуси мубориза бо терроризмро дар ИМА ба як соли дигар тамдид кард. Дар ин бора маркази матбуотии Қасри Сафед хабар дод.
Ҳуҷҷат дар бораи ҷорӣ кардани ин режим соли 2001 баъди ҳодисаҳои 11 сентябр аз сӯи Ҷорҷ Буш қабул шуда буд. Ҳукумати ИМА дар ин режим метавонанд бо молиясозии фаъолияти террористӣ ва пуштибонии экстремизм мубориза барад.
Гуфта мешавад, ки ҳанӯз побарҷо будани таҳдид ба амнияти миллии ИМА боиси ин қарор шудааст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ