Табиати сайёраро наҷот диҳем


Гуногунии биологӣ дар сайёраи мо бо суръати рекордӣ коҳиш меёбад, 2 миллиард ҳектор замин то ба имрӯз ҳосилхезиро аз даст додааст, беш аз як миллион навъи олами ҳайвонот ва наботот дар арафаи аз байн рафтан ҳастанд, инсоният рӯз ба рӯз дар рӯбарӯи таҳдидҳои биологӣ ба мисли пандемияи коронавирус беҳимоятару оҷизтар мегардад. Ин маълумот дар панҷумин нашри ҳисоботи Созмони милали муттаҳид – “Ояндаи ҷаҳонӣ дар заминаи гуногунии биологӣ” сабт шудааст.
Ба гуфтаи муаллифони ин ҳисобот, башар ҳанӯз метавонанд, ки ин равандро ба ақиб баргардонанд. Барои ин бояд инсон тафаккур кунад ва муносибати худро бо табиат тағйир диҳад.
Дэвид Купер, яке аз муаллифон мегӯяд, “Агар ба моҳипарварӣ нигоҳ кунем, мебинем, ки аз се як ҳиссаи захираҳо ҷаҳонии моҳиҳо ба далели истифодаи беш аз меъёр несту нобуд шуданд. Аз сӯи дигар, дар баъзе аз минтақаҳо, ки захираҳои моҳиро хуб идора мекунанд, вазъият беҳтар мегардад”.
Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки дар 9 соли охир дар ҷараёни иҷрои Барномаи стратегии ҳифзи гуногунии биологӣ пешравиҳо ба назар мерасад. Аз 20 мақсаде, ки барнома дорад, танҳо 6-тоашон ҷомалӣ амал пӯшидааст. Аммо ҳамин натиҷа низ нишон медиҳад, ки кӯшишҳои якҷоя ба наҷоти навъҳои бисёри олами набототу ҳайвонот ёрӣ мекунад.
Коршиносон барои фаъолият дар ин соҳа ҳаштто самтро интихоб карданд:

  • ҳифзи замину ҷангалзорон,
  • тағйири услуби корбарӣ дар соҳаи кишоварзӣ,
  • тағйири системаи хӯрокхӯрӣ,
  • эҳёи системаи экологии баҳрӣ,
  • шаҳрсозӣ бо назардошти экология,
  • поксозии дарёву кӯлҳо,
  • мубориза бо тағйири иқлим (аз ҷумла, даст кашидан аз сӯзишвориҳое, ки аз кон гирифта мешаванд).
    Мутахассисони Созмони милали муттаҳид таъкид мекунанд, ки агар чораҳои зарурӣ фаврӣ амалӣ нашаванд, коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ дар ҷаҳон идома меёбад ва дастовардҳои умумӣ дар соҳаи рушди устуворро ба хатар мегузорад.
    Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, барои ҳифзи гуногунии биологӣ сармоягузорӣ бояд бештар анҷом ёбад. Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон барои ин мақсадҳо камтар аз 100 миллиард доллар ҷудо мешавад, ки ин хеле кам аст.
    Манбаъ: ru.euronews.com
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ