Ба Трамп аз почта хати заҳролуд омад

Ба Трамп аз почта хати заҳролуд омад


Бино ба хабари шабакаи телевизионии CNN, бастае, ки аз тариқи почта ба Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА омад, бо моддаи ритсин заҳролуд шуда буд. Заҳролуд будани баста баъди озмоиш дар лаборатория маълум шуд.
Бино ба маълумот, ҳар бастае, ки аз тариқи почта ба Қасри Сафед меояд, бехавфу хатар будани он дар берун аз қароргоҳи раисҷумҳур санҷида мешавад.
Ҳоло хадамоти махфии ИМА ва Идораи ҷустуҷӯи федералӣ (FBI) ин ҳодисаро меомӯзанд.
Бино ба навиштаи рӯзномаи New York Times, ба Трамп хати заҳролуд фиристода шудааст, на баста.
Ритсин моддаи хеле заҳрнок буда, дар таърих террористон чандин бор аз он истифода бурдаанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ