Бештар либосҳои миллӣ медӯзем

Бештар либосҳои миллӣ медӯзем

  • Post category:Ҷамъият


Дар маҳаллаи Деҳнави ноҳияи Самарқанд бонувони дӯзандаи пуртаҷриба зиёданд. Аксари онҳо сехи дӯзандагӣ доранду бо супориши аҳолӣ либосҳои босифат медӯзанд. Онҳо бо тайёр кардани шогирдҳо дуои падар–модарони шогирдонро мегиранд. Яке аз чунин дӯзандаҳои пуртаҷрибаи маҳалла бонуи 34–сола Дилдора Қурбонова мебошад. Имрӯзҳо вай бо 5 нафар шогирдаш барои аҳолии маҳалла ваҳамсояқишлоқҳо либосҳои занонаву бачагонаи хушдӯхт, мисли ансамбл, пайҷома, кордиган, хилъатҳо, куртачаҳои духтарона) медӯзанд.
Д. Қурбонова 7 сол пеш дар маҳалла сехи дӯзандагӣ ташкил кард. Дар давоми ин солҳо барои мизоҷон (бештар арӯсшавандагон) «як дунё» либосҳо дӯхт. Дар давоми солҳо ӯ қариб 30 нафар шогирд расонд. Баъзеи онҳо сипас дар маҳаллаҳои худ сехҳо кушода, либосдӯзӣ мекунанд. Зуд-зуд назди устодашон омада, миннатдорӣ изҳор мекунанд.
– Ман, хоҳари калонам ва ду нафар хоҳари хурдиамон асрори дӯзандагиро аз модарам Дилором Рустамова омӯхтем. Модарам дар дӯзандагӣ таҷрибаи калон доранд. Он кас якчанд сол дар маҳалла вазифаи мушовирро бар ӯҳда доштанд. Шогирдони бисёр доранд. Имрӯзҳо ман бо Шаҳина Насрқулова, Мафтуна Раҳимова ва дигар шогирдонам бо супоришоти корафтодагон бештар либосҳои миллӣ медӯзем, либосҳои аз мағозаҳо харидаи мизоҷонро аз нав коркарднамуда медиҳем. Ба сифати либосҳои дӯхтаамон, хизматрасонӣ бештар аҳамият медиҳем. Баъди тайёр шудани либос кайфияти мизоҷон болида гардад, худро хушбахт меҳисобем, – гуфт ҳунарманди соҳибтаҷриба Дилдора Қурбонова.
Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ