Соли равон баробари дигар корхонаву ташкилотҳо барои рӯзномаи «Овози Самарқанд» низ соли муваффақият, санҷиш ва сабру бардоштҳо шуд

. Аввало, имсол «Овози Самарқанд» бо дастгирии муассиси рӯзнома – Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд, ташаббуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ҷашни 30-солагии таъсис ва чопи шумораи аввалини худро дар миқёси вилоят дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронд. Ба ҳамин муносибат базаи моддӣ-техникии «Овози Самарқанд»-ро гуфтан мумкин аст, ки нав карданд. Дар ин бора хонандагони рӯзнома хуб хабар доранд. Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва карантин рӯзнома ба таври мунтазам чоп шуд. Муддати кӯтоҳе, ки дар давоми он рӯзнома аз сабаби карантин ҳафтае ба ҷои дуто як бор чоп шуд, бо чопи шумораҳои иловагӣ то охири сол пурра, яъне ба 104 шумора расонда мешаванд. Боз як хурсандие, ки имсол рӯзнома мунтазир аст, чопи шумораи 3000-умини он мебошад. Ин далели он аст, ки рӯзномаи дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ягонаи вилоятии тоҷикӣ сарфи назар аз душвориҳои гуногун саривақт ва ба таври мунтазам ба муштариёни худ рафта мерасад. «Овози Самарқанд», ки меваи истиқлол ва бозсозӣ аст, барои тараққиёти мамлакат ба сӯи давлати ҳуқуқбунёду демократӣ саҳми ба худ хос мегузорад. Ташкил шудани сомонаи OVOZI-UZ‑и рӯзнома, ки аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонандаҳои худро ёфтааст, боз як муваффақияти ҳайати таҳрир ва мухлисони рӯзнома гӯем, муболиғае нахоҳад шуд. Кормандони рӯзнома ният доранд, ки дар оянда фаъолияти онро беш аз пеш беҳтар кунанд.
Самарқандиён аз нашри китобҳо зери рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» ва тадбирҳои тақдимоти онҳо ба хубӣ хабар доранд. Ҳайати таҳрир ният дорад, ки дар ин самт бештар кор кунад. Чунки имкониятҳое, ки ҳоло дар диёри мо барои ба рӯихат гирифтани нашриёту чопи китобҳо фароҳам оварда шудааст, хеле назаррас аст. Кормандони аҳлу тифоқи рӯзнома аз он хурсанданд, ки дар даври пандемияи коронавируси барои аҳли олам санҷиши бузурге шуда, чунин муваффақиятҳоро ба даст оварданд ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давр «Овози Самарқанд»-ро дастгирӣ карданд, арзи сипос мекунанд. Санҷишҳои мазкур ба иқтисодиёти тамоми мамлакатҳо ва шаҳрвандони онҳо бетаъсир намонд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳам муассису ҳам мухлисони дилсӯз рӯзномаро дастгирӣ карданд. Имсол низ мо аз онҳо умед дорем. Агарчи адади нашри рӯзнома ҳамон нисбати шумораи тоҷиконе, ки дар вилоят зиндагӣ мекунанд хеле ва хеле кам аст, мо ба ояндаи нек бо сабр ва бардошт менигарем. Табиист, ки дар даври пандемия ташкили обуна ба нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла «Овози Самарқанд» осон намешавад. Аз ҳамин сабаб, боварӣ мекунем, ки вазъиятро дуруст дарк карда, дар мавсими обуна ёрии худро аз «Овози Самарқанд» дареғ намедоранд.
Дӯстони мӯҳтарам, мавсими обуна оғоз шуд. Дар он фаъолона иштирок кунед.
Ҳайати таҳрир ва Шӯрои собиқадорону мушовирони «Овози Самарқанд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ