Имтиҳони иловагии магистратура кай баргузор мешавад?


Барои довталабоне, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳоноти дохилшавии магистратура иштирок карда натавонистанд, рӯзи 22 сентябр дар соати 10.00 бори дигар тести онлайн баргузор мешавад.
Довталабоне, ки аризаашон барои иштирок дар тест қабул шудааст, метавонанд фардо соати 10.00 аз кабинаи шахсии худ рухсатномаи имтиҳонро бигиранд.
Довталабон ба манзиле, ки имтиҳон баргузор мешавад, бо шиноснома ва рухсатномаи худ рӯзи 22 сентябр то соати 09.30 бояд биёянд. Онҳое, ки дер мекунанд, ба имтиҳон ворид шуда наметавонанд.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳони дохилшавӣ ба магистратура дар Ӯзбекистон рӯзҳои 8-20 сентябр баргузор шуда буд. Имсол дар саросари кишвар 10 ҳазору 425 нафар ба магистратура қабул хоҳанд шуд. 5475 нафар аз онҳо бар асоси грант таҳсил хоҳанд кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ