Боигарии асосгузори Zoom дар як шабонарӯз 6 миллиард афзуд

Аз сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус гузаштани дарсҳои маърӯзавӣ ва конференсияҳо ба воситаи сервиси Zoom ҷорӣ гардид.
Асосгузори ин сервиси видеоконференсияҳо Эрик Юан дар 24 соат сарвати худро 6 миллиард доллар афзуд ва боигариаш ба 23 миллиард расид, хабар медиҳад Bloomberg.
Дар чоряки дуюми соли ҷорӣ даромади он 663,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 355 фоиз зиёд мебошад. Аксияҳои сервис 40 фоиз қиматтар шуда, худи Юан cоҳиби бештар аз 50 миллион аксияҳои он аст.
Дар давоми соли ҷорӣ чунин афзоиши рекордии боигарӣ дар фаъолияти асосгузори Amazon Ҷефф Безос ва роҳбари Tesla Илон Маск низ мушоҳида шудааст. Сарвати Безос дар моҳи июл дар як рӯз 13 миллиард доллар зиёд шуда бошад, дар моҳи август сарвати Маск дар 24 соат 8 миллиард доллар афзуд. Сармоягузории компания се баробар зиёд шуда, истифодабарандагони якрӯза аз 200 миллион зиёданд.
Қабл аз ин компанияи Google аз сабаби ҷавоб надодани дастури Zoom ба қоидаҳои бехавфӣ, ходимонашро аз истифодаи он манъ карда буд.
Истифодаи дастури Zoom дар мактабҳои Сингапур манъ гардид.
Вазорати таълими Сингапур, баъд аз он ки дар яке аз дарсҳои мактабҳо аз ҷониби хакерон суратҳои беҳаё ҷойгир карда шуд, ба воситаи платформаи Zoom гузаронидани машғулотро манъ кард.
– Дарсҳои онлайн идома меёбанд, аммо барои ин платформаи дигар интихоб мегардад, – гуфт сардори шӯъбаи технологияҳои таълими мамлакат Арон Ло. Мувофиқи гуфтаи ӯ, хонандагон дар бораи чӣ тавр истифода бурдани платформа боз як маротиба нишондод гирифтанд.
Таҳияи Ф.ШУКУРОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ