Дар Ӯзбекистон бемории коронавирус дар байни кӯдакон меафзояд

Дар мактабҳои Ӯзбекистон ҳолатҳои COVID-19 дар байни кӯдакон ба қайд гирифта шуданд. Барои ҳамин ҳам заҳираи катҳо (койкаҳои педиатрӣ)и бачагона тайёр карда мешавад. Дар ин бора Ҳабибулло Оқилов, узви Ситоди назорат аз болои коронавирус хабар дод.
«Мактабҳо ба кор шурӯъ карданд. Табиист, ки шумораи парвандаҳо имрӯз зиёд мешавад. Мутаассифона, дар гузашта кӯдакон дар Ӯзбекистон [мубталои коронавирус] тақрибан ҳеҷ гоҳ бемор набуданд, аммо ҳоло ин ҳолатҳо дар байни кӯдакон ба назар мерасанд.
Аз ин рӯ, мо катҳои педиатриро захира мекунем. Инчунин омода кардани педиатрҳо низ дар назар аст», — гуфт Оқилов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон 24».
Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи марг аз COVID-19 дар байни ноболиғон рӯзи 17-уми сентябр дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст: як писари 11 сола, ки дар Ғазалкент, ноҳияи Бӯстонлиқ зиндагӣ мекард, бар асари мушкилоти коронавирус фавтид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ