Духтаре аз Қашқадарё Gentra-и ҷавонеро оташ зад, ки ба ваъдаи издивоҷаш вафо накардааст

Духтаре аз Қашқадарё Gentra-и ҷавонеро оташ зад, ки ба ваъдаи издивоҷаш вафо накардааст

Дар Тошканд як мошини Gentra оташ гирифт. Дар ин бора матбуотии корҳои дохилии пойтахт хабар додааст.
Тибқи гузорише, ки 19-уми сентябри соли 2020 ба бахши навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Учтеппа расидааст, соати 04:10 аз ҷониби Ситора Г.-и 19 сола аз вилояти Қашқадарё ба мошини Lacetti Gentra-и Асилбек Н.-и 23 сола оташ задааст.
Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Ситора Г., сокини муваққатии ноҳияи Учтепаи Тошканд, чандест, ки ошиқи Асилбек Н. будааст. Асилбек ваъда додааст, ки Ситораро ба занӣ мегирад, аммо ба ваъдааш вафо накардааст. Духтари ноумед ба мошини писар аз дохил ва берун бензин рехта, оташ задааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ