Нури смартфонҳо пӯсти баданро зудтар пир мекунад


Шямалар Гунатисан, дерматологи маркази мубориза бо саратон – Skin and Cancer Foundation at the Biologic Psoriasis and Nail мегӯяд, ки рӯшании смартфон ба пӯсти бадани одам таъсири манфӣ мерасонад. Ба фикри ӯ, агар истифодаи смартфон аз меъёр зиёд бошад, зарари он баробар бо зарари нури офтоб мебошад.
Мутахассис бовар дорад, ки рӯзи кории панҷ-шашсоатӣ бо смартфон, компютер, камераҳо (видео ва фото) ва телевизорҳои рақамӣ мисли он аст, ки шахс дар миёни рӯз ним соат лучу урён дар зери офтоб бошад.
Мутахассис нури кабудро дар назар дорад, ки он одатан аз телефону планшетҳо, ноутбук ва чароғҳои LED берун меояд. Таъсири тӯлонии нури кабуд метавонад боиси гиперпигментатсия шавад, ки он монанди офтобзадагӣ аст. Ҳамчунин он гоҳо боиси пиршавии пӯст ва камшавии оби бадан мегардад. Ҳамчунин, зарар будани нури кабуд ба чашмро низ набояд фаромӯш кард.
Беҳтарин роҳи гурез аз таъсирҳои манфӣ маҳдуд кардани вақти истифодаи гаҷетҳо аст. Ҳачунин, кам кардани рӯшании онҳо ва истифодаи айнакҳои ҳимоякунанда низ тавсия мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ