Рӯзи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд


Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Замони сафари раиси ҳукумати Ӯзбекистон дар мулоқоти Фаризшоҳ Усмонов муовини роҳбари идораи тиҷорат ва саноати Ӯзбекистон бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси идораи тиҷорату саноати Тоҷикистон маълум шуд.
Усмонов ва Ҷумъахонзода рӯзи 18 сентябр дар Душанбе мулоқот карданд.
Дар ин мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба баргузории бизнес форум, ки дар чорчӯби сафари Арипов дар Тоҷикистон сурат мегирад, баррасӣ шуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ