Ӯзбекистон ба 32 давлат либосҳои тайёр экспорт кард

Бо ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ Ӯзбекистон маҳсулоти либосҳои тайёри қиматаш ба 336,7 миллион доллари амрикоӣ баробарро экспорт кард, ки ҳаҷми он нисбати 8 моҳи соли гузашта ба 89,1 миллион доллари амрикоӣ зиёд шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи статистикаи давлатӣ, дар мобайни 8 моҳи гузашта ҳиссаи калони экспорт ба Россия (178,3 миллион доллар), Қирғизистон (120,9 миллион доллар), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Қазоқистон (12,3 миллион доллар) рост омадааст. Ба ҷойи маълумот, ҳиссаи калони экспорти либосҳо ба вилоятҳои Андиҷон (90,2 миллион доллар), Тошканд (70,5 миллион), Намангон (49,8 миллион), шаҳри Тошканд (39,7 миллион) рост омадааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ