Барои гирифтани гувоҳиномаи таксиронӣ системаи автоматӣ ҷорӣ мегардад?


Дар Ӯзбекистон барои тақдими гувоҳинома ба фаъолияти таксиронӣ системаи автоматӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Дар ин бора Kun.uz ба нақл аз як манбаъи ҳукуматӣ хабар додааст.
Дар сурате, ки чунин система роҳандозӣ мешавад, ронандагон номи худро дар сайти идораҳои андоз сабт мекунанд ва гувоҳиномаро ба сурати автоматӣ мегиранд. Ҳамчунин, ронандагон ба тоифаи шахсоне, ки худро бо кор таъмин мекунанд, дохил хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки ин масъала аз тарафи моддӣ ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Кумитаи давлатии андоз, вазоратҳои ҳамлу нақл ва молия ин масъаларо якҷоя баррасӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ