Ӯзбекистон системаи суғуртаи тиббиро ҷорӣ мекунад

Лоиҳаи қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои ташкилӣ оид ба ҷорӣ намудани системаи суғуртаи давлатии тиббӣ» эълон карда шуд.
Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ таъсис дода мешавад.
Аз 1-уми июли соли 2021 то охири соли 2022 дар вилояти Сирдарё ҷорӣ намудани системаи таҷрибавии суғуртаи давлатии тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбарони вазорату идораҳои масъул, барои татбиқи дурусти консепсияи лоиҳа ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он масъулияти шахсӣ доранд.
Ба директори иҷроияи Фонд:

  • дар ҳолати зарурӣ ба сохтори муваққатии кормандони иҷроияи Фонд дар доираи шумораи маҳдуди кормандони роҳбарикунанда ва фонди музди меҳнат тағирот ворид кардан;
  • Кормандони дастгоҳи иҷроияи Фонд ҳуқуқ доранд, ки ба музди вазифаҳои асосии дар фонди ҳавасмандгардонии кормандони Фонди суғуртаи давлатии тиббӣ гузошташуда мукофотпулӣ ва дигар пардохтҳои ҳавасмандкунӣ таъин кунанд.
    Лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи ҷорӣ намудани суғуртаи давлатии тиббӣ дар кишвар аз таҷрибаи хориҷӣ ва тавсияҳои мутахассисони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таҳия шуда, дар ибтидо модели нави иттилоотонии муассисаҳои тиббӣ, кӯмаки нави тиббӣ ва механизмҳои маблағгузорӣ ҷорӣ карда мешавад, — гуфт Зоҳид Эрматов, мудири шӯъбаи татбиқи суғуртаи тиббии Вазорати тандурустӣ.
    Дар натиҷаи татбиқи консепсия ва лоиҳаи озмоишӣ ҳиссаи хароҷоти бесамар дар соҳаи тандурустӣ оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, мустақилияти молиявии муассисаҳои тиббӣ ва ҳавасмандгардонии моддии кормандони тиб васеъ карда мешавад ва ташкилотҳои тиббии хусусӣ ба расонидани ёрии кафолатноки тиббӣ ҷалб карда мешаванд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ