Русия пешниҳоди Ӯзбекистон оиди ба роҳ андохтани парвозҳои муназзамро рад кард


Азиз Абдуҳакимов, муовини сарвазир ва узви комиссияи махсуси ҷумҳурӣ дар бораи музокираҳо бо Русия оиди роҳандозии дубораи парвозҳои муназзам маълумот дод.
Абдуҳакимов гуфт, “Вазоратҳои ҳамлу нақли Ӯзбекистон ва Русия масъалаи ба роҳ андохтани парвозҳои муназзамро баррасӣ карданд. Аммо, комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Русия пешниҳоди Ӯзбекистонро рад кард.
Бо вуҷуди ин, вазорати ҳамлу нақли Русия бар асоси муроҷиати вазорати ҳамлу нақли Ӯзбекистон ба комиссияи махсуси Русия тақдимномаи худро тақдим кард. Дар ҳоли ҳозир тарафҳо мунтазири қарори комиссияи махсус дар ин бора мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ