Дар Ӯзбекистон ҳавои хунук ва хушк пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти ҳавосанҷии «Узгидромет» ҳаво баъд аз нисфирӯзӣ абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии мамлакат эҳтимоли бориши борон дар назар аст.
Пагоҳ бошад ҳаво хунук ва хушк буда, ин ҳолат то охири ҳафта давом мекунад. Ҳарорати ҳаво 2 — 4 дараҷа паст рафта, шабона 8 — 13 ва рӯзона 22 — 27 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки аз ҳисоби хунукии самти Урал меёри ҳарорати ҳаво 3 — 4 дараҷа паст рафта, шабона 7 — 12, рӯзона 20 — 25 дараҷаро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ